Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 август дар Федератсияи Русия ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Конгресси сеюми байналмилалии оташнишонӣ ва наҷот баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СААД, татбиқи нақшаҳои чорабиниҳо оид ба ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020, ҳамчунин солҳои 2022-2023, дар бораи тадбирҳои андешида зимни ҳолатҳои фавқулода, мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус, мубориза бар зидди сӯхторҳои ҷангал, иштироки воҳидҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи сирояти коронавирус, машқҳои дар доираи СААД гузаронида ва ғайра баррасӣ шуданд.
Дар кори ҷаласа аз Тоҷикистон ҳамчунин сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳои Кумита, полковник Ҷамшед Камолзода ва сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита, полковник Музаффар Аҳмадзода иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа маросими имзои ҳуҷҷатҳои ниҳоии Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.
Имрӯз дар доираи Конгресси сеюми байналмилалии оташнишонӣ ва наҷот, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд, якчанд чорабиниҳо, аз қабили намоиши техника ва технологияи оташнишонӣ ва наҷот, машқҳои намоишӣ, машварат ва «мизҳои мудаввар» баргузор шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии конгресси мазкур ширкат варзида, бо фаъолияти Маркази миллии вазъи буҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия шинос гардид.
Акс: КҲФ








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






