Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Қазон иштирок менамояд

Август 26, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 26.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки 27-30 август дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор мешавад, иштирок менамояд. Дар ин ҳамоиш 30 нафар ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ширкат хоҳанд намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи мазкур Хусрав Аюбов хабар дод.

Ҳамоиш дар доираи барномаи байналмилалии «Қазон — пойтахти ҷавонони СҲИ 2022» баргузор гардида, дар он ширкати 300 нафар аз беш аз 50 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Бангладеш, Қазоқистон, Камерун, Мадагаскар, Нигер, Серра-Леоне, Озарбойҷон, Алҷазоир, Гамбия, Гана, Миср, Индонезия, Урдун, Эрон, Канада, Шоҳигарии Баҳрайн, Қирғизистон, Лубнон, Либия, Малайзия, Мали, Марокаш, Мозамбик, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Туркия, Уганда ва ғайраҳо дар назар аст.

Дар доираи ҳамоиш дар назар аст, ки мавзӯъҳои муҳоҷирати ҷавонон, муколамаи байнифарҳангӣ, соҳибкории ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 26, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид