«АКСИ САДОИ ОСИЁ». Мастона Собирзода дар Фестивал-озмуни XIII байналмилалии сиркӣ сазовори ҷои сеюм гардид
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирзода дар Фестивал-озмуни XIII байналмилалии сиркӣ таҳти унвони «Акси садои Осиё» сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Инчунин таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Нур-Султон ва директори Сирки Беларусро соҳиб шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбоналӣ Зоиров.
Мастона Собирзода ҳунари худро миёни 50 нафар ҳунармандони ҷаҳонӣ дар номинаи «Алвон», яъне гимнастикаи ҳавоӣ муаррифӣ намуд.
Ба гуфти Қурбоналӣ Зоиров, дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ бори аввал аст, ки намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии сиркӣ ҳакамӣ мекунад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Директори Сирки давлатии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода дар ин озмун ба ҳайси узви ҳайати ҳакамон ширкат намуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 14 август дар Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирки «Акси садои Осиё» баргузор гардид. Мастона Собирзода дуюмин ҳунарманди Сирки тоҷик аст, ки дар озмуни мазкур иштирок мекунад.









Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






