ҲАМА РОҲҲО БА ТОҶИКИСТОН МЕБАРАНД. Азим Иброҳим дар Конфронси байналмилалии вазирони нақлиёт дар Туркманистон ширкат мекунад

Август 15, 2022 11:01

ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳайати Тоҷикистонро дар Конфронси байналмилалии кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, роҳбарӣ менамояд.  Дар конфронс, ки аз 15 то 16 август дар минтақаи сайёҳии «Аваза»  (Туркманистон) баргузор мешавад, намояндагони 32 кишвари  дар ҳоли рушд ва 30 созмони байналмилалӣ ширкат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Конфронс дар ҳамкорӣ  бо СММ баргузор шуда, ба эҷоди долонҳои нақлиётӣ ва транзитӣ, ҳамгироии низоми инфрасохтори мултимодалии нақлиёт, рақамикунонии раванди нақлиёт ва рушди нақлиёти барқӣ бахшида мешавад. «Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҷаласаи чоруми конфронсро, ки  таҳти унвони «Тезонидани рақамикунонӣ барои беҳтарсозии транзит ва содагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон барқароррсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID-19» доир мегардад, роҳбарӣ мекунад», — гуфтанд дар вазорат.

Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин Директори  муассисаи давлатии «Хизматрасонии нақлиёт ва логистика» Раҳмиддин Саломзода ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон шомиланд. Дар конфронс масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ баррасӣ мегарданд.

Тоҷикистон яке аз 32 давлати ҷаҳон аст, ки роҳи   баҳрӣ надорад. Ба ин далел Тоҷикистон талош дорад бо эҷоди долонҳои нақлиётӣ ва бо мақсади  тавсеаи тиҷорат бо бандарҳои Эрон дар ҷануб ва шимоли кишвар пайваст шавад.

Қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон карда буд, ки бо пайгирӣ аз ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат-  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар назди худ боз як вазифа гузоштааст- ба  кишвари  транзитӣ табдил додани давлат.  «Ба мо супориш дода шудааст, ки барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем. Имконот мавҷуданд, вале бояд кор кард»,- гуфт чанде қабл Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти  матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати нақлиёти ҶТ, Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ тавре ҷойгир шудааст, ки метавонад ба осонӣ миёни ҳамсояҳои худ аз чаҳор гӯшаи дунё кишвари транзитӣ бошад. То ин дам боре, ки тавассути ҷумҳурӣ кашонида мешуд, асосан аз Чин ба Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ва инчунин ба самти муқобил мерафт. Дар ҳамин ҳол, як қисми бор аз Туркманистон ва Узбекистон дар робита ба амнияти зербиноҳои Тоҷикистон ба вилоятҳои Афғонистон —  Қундуз, Тахор ва Бадахшон фиристода мешуд.

Мутахассисони Вазорати нақлиёт бар ин назаранд, ки Тоҷикистон тамоми масирҳои транзитӣ аз шимол ба ҷануб ва аз шарқ ба ғарбро мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва зербиноҳои зарурӣ омода кардааст. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон метавонад ба «хати транзитӣ» миёни Чин, Афғонистон, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Покистон ва Эрон табдил ёбад.

Тибқи иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон 8 долони байналмилалӣ мегузаранд, ки миёни онҳо масирҳои пайвасткунандаи Афғонистон бартарӣ доранд. Дар ин самтҳо Чин ва кишварҳои шимолӣ метавонанд бо бандарҳои баҳрии Покистон ва Эрон пайваст шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2014 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тарҳи сармоягузории бунёди долонҳои нақлиётиро, ки кишварро  бо Покистон ва Эрон мепайваст, пешниҳод карда буд. Ин лоиҳа се роҳи иртибот бо Покистон тавассути Афғонистонро пешбинӣ мекард.

МАСИРИ АВВАЛ. Душанбе — Данғара — Кӯлоб — Калъаихум — Хоруғ — Ишкошим (марзи Афғонистон) — ағбаи Дора (тавассути долони Вахон то сарҳади Афғонистону Покистон) — Читрол ва минбаъд тавассути Пешовар то Қарочӣ ба масофаи 917 км (ба Тоҷикистон 717 км, Афғонистон 118 км ва Покистон 82 км  рост меояд).

МАСИРИ ДУЮМ. Душанбе — Лаби Ҷар — Тавилдара — Қалъаихум — Хоруғ — Ишкошим (марзи Афғонистон) — ағбаи Дора (тавассути долони Вахон то сарҳади Афғонистону Покистон) — Читрол ва сипас тавассути Пешовар то Қарочӣ 831 километр (Роҳ ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна  631 километр, Афғонистон — 118 километр ва Покистон — 82 километр рост  меояд).

     МАСИРИ СЕЮМ. Душанбе — Бохтар — Дӯстӣ — Панҷи Поён (сарҳади Афғонистон) — Қундуз — Кобул — Ҷалолобод –марзи Покистон — Пешовар ва минбаъд Қарочӣ бо дарозии 797 км (дарозии роҳ ба Тоҷикистон 185 км, Афғонистон 557 км, Покистон 55 км рост меояд.  Ин масир ҳоло фаъол аст).

Ба ин тартиб, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар шаш моҳи охир 43 дарсади тамоми борҳои тиҷоратӣ тавассути хатсайри сеюм вориди кишвар шудаанд.

Илова бар ин, Тоҷикистон аксари ин масирҳоро такмил додааст, аммо бинобар ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон ду тарҳи аввал ба таъхир афтод.

Эҳтимол онҳо ҳоло ҷолибияти худро аз нигоҳи иқтисодӣ ва амният аз даст додаанд. Азим Иброҳим гуфт, ки нақшаи татбиқи ду роҳи аввал солҳо боз баррасӣ мешуданд, аммо ҳоло ҳама чиз беҳаракат мондааст.

«Ҳар як роҳи сохташаванда бояд аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок карда шавад. Дар вақти сохтмони ин роҳҳо ният ҳаст, ки дар як қисми водии Вахон нақбҳо сохта шаванд», — гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон

АКС: АМИТ  «Ховар»

Август 15, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд