Ҳамкории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Чин тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни мулоқоти маҷозии Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода бо намояндагони Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Чин баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамкории фаросамтӣ муайян гардида, мусоҳибон барои татбиқи амалии натиҷаҳои бадастомада ба мувофиқа расиданд. Аз ҷумла, зимни мулоқот ҷонибҳо дар хусуси баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон, тақвияти таҷрибаи мубодилаи академӣ ва донишҷӯён, ҷалби довталабон ба зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос ҷиҳати таҳсил дар гурӯҳҳои забони таҳсилашон англисӣ ва русӣ, ҳамчунин сафарҳои ҷавобии тарафайн ибрози андеша намуданд.
Инчунин барои таҳкими ҳамкории илмӣ, омода кардани мутахассисони илмӣ, илмӣ-педагогӣ ва ҷалби олимону коршиносон барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо зиёда аз 120 муассисаи илмӣ ва илмию тадқиқотии хориҷи кишвар ҳамкории судманд дошта, дар донишгоҳ таҳсил бо се забон ба роҳ монда шудааст.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки тавассути густариши ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ таҷрибаи таҳсили маҷозӣ ва дудипломӣ ба роҳ монда, барои байналмилалӣ кардани таҳсил тадбирҳои мушаххас андешад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд






