БИЁЕД, ЭЙ РАФИҚОН, ДАРС ХОНЕМ! Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад

Август 31, 2022 15:37

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат Рӯзи дониш таҷлил карда мешавад, ки он бо  Дарси сулҳ, ватанпарастӣ ва шуҷоат оғоз меёбад. Имсол таҷлили Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар назар дошта шудааст. 

Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар айни замон дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128 827 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, имсол беш аз 200 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи як ба мактаб мераванд.

Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар шаҳри Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 268 ҳазору 942 хонанда таҳсил менамоянд.

«Дар соли таҳсили 2022-2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ бо беш аз 9 ҳазор ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода мешаванд. Муассисаҳои нав бо шароити замонавӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд, ки пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул-тарбияи ҷавонони болаёқат, омӯзонидани донишҳои замонавӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо меистад»,-гуфт Асомиддин Бобозода.

Ба зикри мавсуф, дар айни замон тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат барои таҷлили шоистаи Рӯзи дониш омодагӣ мебинанд. Боварӣ дорам, ки Рӯзи дониш дар саросари мамлакат бо шодию фараҳ пешвоз гирифта мешавад. Чун ҳамасола   Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар ин ё он муассисаи таълимӣ бо хонандагону донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд ва  бурду бохти соҳаро тавзеҳ дода, ҳамагонро ба омӯхтани илму дониш, ки чароғи роҳи инсоният аст, даъват менамоянд.

Аз ҷумла, Президенти мамлакат дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4  барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш иброз доштанд, ки падару модарони муҳтарам бояд раванди таълиму тарбияи фарзандони худро ҷиддӣ назорат кунанд ва ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

«Ҳадафи мо аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо – фарзандони азиз, аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имконияти мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.

Шумо – наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли хушбахти замони истиқлол соҳибони ояндаи Ватан, давлат ва номбардорони фардои миллат ҳастед», — изҳор намуданд Сарвари давлат.

Асомиддин Бобозода илова намуд, ки имсол низ хонандагону омӯзгорони муассисаҳои пойтахт табрикот ва паёми Пешвои миллатро мунтазир мебошанд, то суханони Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.

Тавре Садриддин Айнӣ дар шеъри маъруфи худ гуфтааст:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!
Ба бекориву нодонӣ намонем…
Дар олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 31, 2022 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуд
ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад