ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Панҷ дастаи мунтахаби Осиёи Марказӣ барои унвони беҳтарин дастаи минтақа мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад, ки дар он панҷ дастаи мунтахаб барои унвони беҳтарин дастаи минтақа миёни ҳам мубориза мебаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар доираи Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.
Даври 1
5 август (ҷумъа)
18:00 – Узбекистон – Эрон
21:00 – Қирғизистон – Афғонистон
Даври 2
6 август (шанбе)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
8 август (душанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Даври 4
10 август (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
12 август (ҷумъа)
18:00 – Афғонистон – Узбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






