ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Тоҷикистон пас аз ду пирӯзӣ бо шаш имтиёз дар зинаи аввал аст
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дидори дуюми худро бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Қирғизистон бо пирӯзӣ — 3:1 анҷом дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки мухлисон ва ҳаводорони футболи тоҷик дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чемпионати мазкур ҳоло ягона дастае мебошад, ки дар ду вохӯрӣ ду ғалаба ба даст оварда, бо шаш имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. Аз ин пеш дастаи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи Тоҷикистон вохӯрии якуми худро ба муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Афғонистон бо ғалаба (4:1) анҷом дода буд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон аз 3 бозӣ 4 хол дорад. Онҳо дар дидори аввали худ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, бо дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон мусовӣ (0:0) бозӣ намуданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон аз ду бозӣ 4 хол ба даст овард. Дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон рақобати аввали худро бо дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода, дар дидори дуюм ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон 4 голи беҷавоб зад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон ду бозии худро бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Эрон (2:2) ва Қирғизистон (0:0) мусовӣ анҷом дода, бо 2 хол дар зинаи охири ҷадвал қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии якум дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо роҳбарии Аҳлиддин Турдиев бар дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 4:1 пирӯзии калон ба даст оварда буд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






