Дар Бӯстон усулҳои амалии муқовимат ба терроризм ва ифротгароиро баррасӣ намуданд

Август 26, 2022 11:07

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Терроризм ва ифротгароӣ: усулҳои амалии муқовимат ба онҳо» доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар конфронс Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бӯстон Муҳаммадшоҳ Искандарзода, Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оид ба рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, амалӣ гардонидани нақшаву тадбирҳои неку созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

«Маҳз амалӣ гардидани сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат боис шуд, ки халқи шарифи мамлакат таҳти андешаи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост» муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ менамоянд»,- тазаккур дод ӯ.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Мавсума Муинӣ оид ба нақшаву тадбирҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ибрози андеша карда, дар ин ҷода фаъолнокии аҳли ҷомеаро тақозо намуд.

Директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳим Холиқзода оид ба хатару таҳдид ва оқибатҳои ногувори терроризм ва ифротгароии динӣ баёни андеша кард.

Номбурда бо дарназардошти таъсири манфии истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сокинон, бахусус ҷавонон, доман паҳн кардани созмону равияҳои террористиву экстремистии динӣ ва хатару таҳдидҳои он ба амнияту суботи ҷомеа ва дигар омилҳои номатлуб аз иштирокдорон ҷиҳати бурдани муборизаи дастаҷамъона даъват ба амал овард.

Таъкид гардид, ки мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад ва ин мақсад бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ амалӣ гардонида шавад.

Дар фарҷом барои вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ масъулин вазифадор карда шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 26, 2022 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид