Дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва нигаҳдошти маконҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Ишкошим баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода, ёдгориҳои таърихии ноҳия беш аз 100 ададро ташкил дода, ғайр аз ин ноҳия дорои чашмаҳои гарму шифобахш ва гиёҳҳои табобатӣ мебошад. Ҳамин аст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон бо мақсади истироҳату табобат зиёда аз 200 сайёҳ ба ноҳия ташриф оварданд.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ, аксарияти маконҳои сайёҳиву таърихӣ ва табобатии ВМКБ маҳз дар ноҳияи Ишкошим ҷойгиранд. Дар ин замина бояд гуфт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ишкошим нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Мувофиқи нақша, дар ноҳия сохтмону таъмири 104 иншоот пешбинӣ гардида, маблағи умумии он зиёда аз 165,0 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҳаётан муҳим оғоз гардидаанд. Аз ҷумла, сохтмони варзишгоҳи марказӣ бо маблағи зиёда аз 11,7 млн сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21- 17,0 млн сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13- 3,0 млн сомонӣ, бинои маъмурии нозироти андоз- 3,0 млн сомонӣ ва сохтмони хати корезии маркази ноҳия бо маблағи 4,0 млн сомонӣ.
Шарҳи бештари мавзӯъро оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва маконҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» зимни суҳбати хабарнигор Нарзулло АЛИЗОДА бо Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо МИРЗОЗОДА имрӯз соати 17:30 (асл) ва такроран соати 21:30 аз мавҷи 101,5 FM бишнавед.
АКС: АМИТ «Ховар»