Дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва нигаҳдошти маконҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Ишкошим баррасӣ мешавад

Август 12, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода, ёдгориҳои таърихии ноҳия беш аз 100 ададро ташкил дода, ғайр аз ин ноҳия дорои чашмаҳои гарму шифобахш ва гиёҳҳои табобатӣ мебошад. Ҳамин аст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон бо мақсади истироҳату табобат зиёда аз 200 сайёҳ ба ноҳия ташриф оварданд.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ, аксарияти маконҳои сайёҳиву таърихӣ ва табобатии ВМКБ маҳз дар ноҳияи Ишкошим ҷойгиранд. Дар ин замина бояд гуфт, ки сайёҳӣ  яке  аз  соҳаҳои  муҳими  ба  шуғл  фаро гирифтани аҳолии  қобили  меҳнат, баланд бардоштани  сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои  миллӣ  ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ишкошим нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Мувофиқи нақша, дар ноҳия сохтмону таъмири 104 иншоот пешбинӣ гардида, маблағи умумии он зиёда аз 165,0 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҳаётан муҳим оғоз гардидаанд. Аз ҷумла, сохтмони варзишгоҳи марказӣ бо маблағи зиёда аз 11,7 млн сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21- 17,0 млн сомонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13- 3,0 млн сомонӣ, бинои маъмурии нозироти андоз- 3,0 млн сомонӣ ва сохтмони хати корезии маркази ноҳия бо маблағи 4,0 млн сомонӣ.

Шарҳи бештари мавзӯъро оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва маконҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» зимни суҳбати хабарнигор   Нарзулло АЛИЗОДА бо Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо МИРЗОЗОДА имрӯз соати 17:30 (асл) ва такроран соати 21:30 аз мавҷи 101,5 FM бишнавед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 12, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад