Дар Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Лаҳистон баррасӣ шуд

Август 3, 2022 15:23

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 август муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон Радослав Грукро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва иштирок дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон 11 феврали 1992 барқарор гардидаанд.

Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ба Душанбе дар соли 2002 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Варшава соли 2003 гузошта шуд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Анҷей Себастян Дуда  мулоқот анҷом доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон машваратҳои сиёсӣ ва Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.

Дар доираи барномаи мубодила миёни донишгоҳҳо омӯзгорони Лаҳистон ҷиҳати таълим додани донишҷӯёни тоҷик ба Тоҷикистон сафар менамоянд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ зиёда аз 15 созишномаро дар бар мегирад.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 3, 2022 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна