Дар Душанбе масоили густариши ҳамкорӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Таиланд баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Таиланд, инчунин роҳандозӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд дар бахшҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова ва мушовири Сафорати Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон, хонум Оратай Пхубунлап баррасӣ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд, дар мулоқот Оратай Пхубунлапро котиби якуми консули Сафорати Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон Вонгсакорн Чайчана ҳамроҳӣ намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Таиланд, инчунин роҳандозӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судмандро дар бахшҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, косметология ва сайёҳӣ дар чаҳорчӯби бахши тиҷорату иқтисод баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот Манзура Рустамова меҳмононро бо фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон шинос намуда, ба онҳо «Раҳнамои тиҷоратӣ»-ро, ки дар он маълумоти бештар оид ба вазъи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, тақдим намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯ ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфт.
Акс: ПСС ҶТ








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






