Дар Екатеринбург дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловски Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Екатеринбург бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот намуд.
Ҷонибҳо зимни суҳбат оид ба вазъи кунунии равобити минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Дар зимн ҷиҳати тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ба вежа дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ инчунин, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва зиёд кардани шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии вилояти Свердловск изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот аҳаммияти истифодаи иқтидори мавҷударо барои тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоя зикр кард. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон матраҳ гардид.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода маъмурият ва доираҳои соҳибкории вилояти Свердловскро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуд.
Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти баргузоргардида дар рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск саҳми нав хоҳад гузошт.
АКС: Сафорати ҶТ дар ФР








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






