Дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиа масъалаи роҳ надодан ба исрофкорӣ ва амалҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷамъомади методӣ-таълимӣ баргузор гардид, ки иштирокчиёни он оид ба пурзӯр намудани назорат аз болои хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд, ҷамъомади методӣ-таълимӣ бо иштироки сардорони шуъба ва хадамоти молияи раёсатҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссариатҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ва дигар ҷузъу том доир гардид.
Ҷамъомади методӣ- таълимӣ аз ҷониби афсарони масъули Раёсати молия ва буҷети ин ниҳоди қудратӣ ҷараён гирифта, зимни он мавзӯъҳои ба нақшагирифташуда оид ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, натиҷагирӣ аз санҷишҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ дар ҷузъу томи вазорат, таъйинот ва тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва дигар мавзӯоти марбут ба соҳаи молия мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Ҳамзамон дар ин чорабинии омӯзишӣ талаботи бандҳои алоҳидаи қонунҳои амалкунанда, аз қабили Қонун «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав, Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», Низомномаи таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи молия муҳокима гардида, вобаста ба иҷрои он ва корбарӣ дар соҳаи ҳуҷҷатҳои молиявӣ роҳу усулҳои нав пешниҳод гардиданд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






