Дар Русия машқҳои зиддитеррористии СҲШ «Миссияи сулҳ — 2023» баргузор мешаванд

Август 25, 2022 12:37

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Русия машқҳои муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) «Миссияи сулҳ — 2023» баргузор мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу зимни ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ, ки дирӯз, 24 август дар шаҳри Тошканд доир гардид, иттилоъ дод.

«Таваҷҷуҳи асосиро ба омодагии неруҳо равона месозем <…>. Соли оянда мо машқҳои муштараки низомии зиддитеррористии фармондеҳӣ-ситодии кишварҳои узви СҲШ «Миссияи сулҳ — 2023»-ро дар қаламрави Федератсияи Русия баргузор менамоем», — гуфт С. Шойгу.

Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки тирамоҳи соли равон «баргузории силсиламашқҳо дар доираи СААД, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир хоҳанд шуд, дар назар аст».

Зимни ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи мудофиа, чораҳои таъмини сулҳу субот ва амният дар фазои СҲШ, ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои узви Созмон дар мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳо баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо низ иштирок дошт.


Ёдовар мешавем, ки ба СҲШ (соли 2001 таъсис ёфтааст) ҳашт кишвар, аз ҷумла Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил мебошанд. Беларус, Афғонистон, Эрон ва Муғулистон дар Созмон кишварҳои нозир буда, Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколама мебошанд.

АКС: хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон

Август 25, 2022 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд