Дар шаҳри Левакант Маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъол гардонида шуд

Август 7, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 07.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъол гардонида шуд, ки ба рушд додани соҳаи сайёҳӣ дар вилоят ва бо маълумоти зарурӣ таъмин намудани донишҷӯёни дар бахши сайёҳӣ таҳсилдошта равона гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Марказ бо  дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар заминаи филиали Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ташкил гардидааст.

Дар шаҳри Левакант барои қабули сайёҳон 2 адад меҳмонхона, 5 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 2 адад тарабхона, 10 адад гестхаус, 6 адад банкомат (хизматрасонии бонкӣ), 1 адад мағозаи фурӯши армуғон ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо фаъолият менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шаҳри Леваканд 1675 нафар сайёҳони дохилӣ ва 45 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Август 7, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад