Дар шаҳри Панҷакент санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ҷамъбаст шуд

Август 27, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 август дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор гардад.

Тавре дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ҷамъбастии машқҳо Раиси шаҳр, раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Вализода, дигар кормандони масъули раёсати вилоятии Кумита, сардорони хадамоти мудофиаи граждании шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, комиссия ва хадамоти мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Абдухолиқ Холиқзода моҳият ва зарурати баргузории ин машқро ба ҳозирин шарҳ дода, таҷрибаи бартараф намудани оқибатҳои офати табииро, ки соли гузашта дар деҳаи Киштӯдаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ боиси хисороти ҷонӣ ва молии зиёд гашта буд, ёдрас шуд.

Гуфта шуд, ки ташкилу баргузории машқҳои мазкур имконият фароҳам меорад, ки дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ барои пешгирӣ ва рафъи бояд ҳамеша омода бошанд.

АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Панҷакент

Август 27, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид