Дар Тоҷикистон боз як корхонаи истеҳсоли семент ба кор медарояд

Август 29, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи созишномаи сармоягузорие, ки чанде қабл Ҳукумати мамлакат бо ширкати «Ориён Инвест» ба тасвиб расонид, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли семент бунёд мегардад.

Бино ба маълумоти мавҷуда, ширкати истеҳсолӣ-сармоягузории «Ориён Инвест» соли 2015 бо қарори муассисони ҶСК «Ориёнбонк» таъсис ёфтааст. Фаъолияти асосии ширкат ба пешниҳоди хизматрасонии сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ дар самти иқтисодиёт нигаронида шудааст, гуфта мешавад дар муаррифиномаи сомонаи ширкат.

Дар айни замон дар Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият мекунанд. Иқтидори умумии солонаи онҳо 5,6 миллион тонна маҳсулот мебошад.

Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ «Ҷунтай Моҳир» ва ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» дар Ёвон, инчунин «Хуаксин Ғаюр Семент» (Суғд) мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 миллион тонна аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содирот карда мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, Тоҷикистон ба содиркунандаи асосии семент ба Узбекистон табдил ёфтааст. Дар ин бора дар хадамоти матбуоти Кумитаи омори Узбекистон иттилоъ доданд. Тибқи ҳисоботи кумита, моҳҳои январ-июли соли 2022 ба Узбекистон 1,3 миллион тонна семент ба маблағи умумии 52,5 миллион доллар ворид шудааст.

Дар 7 моҳи соли 2022 Узбекистон аз Тоҷикистон 533 ҳазор тонна семент харидааст.

Дар маҷмӯъ, воридоти ин маҳсулот ба кишвари ҳамсоя коҳиш ёфтааст, таъкид карданд дар хадамот. Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то июл воридоти семент нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 421 ҳазор тонна кам шудааст.

Дар умум ҷумҳурӣ 1,3 миллион тонна семент ба маблағи 52,5 миллион доллар ба даст овардааст.

Дар Кумитаи давлатии омор ҳамчунин дигар содиркунандагони ин маҳсулотро ба Узбекистон ном бурданд. Баъд аз Тоҷикистон Қирғизистон қарор дорад. Аз ин кишвар ба мамлакати ҳамсоя 385 ҳазор тонна семент фиристода шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 29, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад