Дар Тоҷикистон Бозиҳои XVI делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешаванд

Август 26, 2022 12:13

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XVI делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъули баргузории чорабинӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои делфӣ буда, тартиб ва Низомномаи баргузории бозиҳо дар сомонаи расмии Вазорат ва сомонаи Кумита ҷой дода шудааст.

Баргузории чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва тарғиби беҳтарин дастовардҳои фарҳангу санъати тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда шуда, номи пешинааш  Пифӣ буд. Беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ шуда, танҳо аввали асри XX эҳё гардиданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сабаб гардид, ки баргузории форуми олии санъат муваққатан қатъ шавад.

Давраи нави Бозиҳои делфӣ соли 2000 оғоз ёфта, бо иштироки 27 давлат дар Русия аввалин Бозиҳо баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номина 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишвар буданд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Август 26, 2022 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад