Дар зарфи 65 сол факултети сохтмон ва меъмории ДТТ беш аз 15 ҳазор муҳандис-сохтмончӣ ва меъмор омода намудааст

Август 13, 2022 12:24

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 65 соли фаъолият факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зиёда аз 12 000 муҳандис–сохтмончӣ ва қариб 3 000 меъмор тайёр намудааст. Дар ин давра факултет тавонист зиёда аз 400 нафар мутахассисони дараҷаҳои гуногунро барои давлатҳои хориҷи кишвар омода намояд. Зиёда аз 100 нафар дастпарварони факултет рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуда, дар таълиму тарбияи ҷавонон ва рушди илми соҳаи сохтмон ва меъморӣ саҳми арзанда гузоштаанд,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» декани факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Алиҷон Яқубов.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи дуюми моҳи август Рӯзи кормандони сохтмон таҷлил карда мешавад. Он имсол ба 14 август рост омад.

Дар иртибот ба фаъолияти факултаи сохтмон ва меморӣ Алиҷон Яқубов афзуд, ки алҳол дар факултет 10 кафедраи тахассусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо аз рӯи 14 ихтисос кадрҳои баландихтисоси дараҷаи бакалавриат ва аз рӯи 7 ихтисос мутахассисони баландихтисоси дараҷаи магистратура барои бозори меҳнат омода карда мешаванд. Инҳо кафедраҳои «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ», «Меъмории биноҳо ва иншоот», «Асосҳо, таҳкурсиҳо ва иншооти зеризаминӣ», «Масолеҳҳо, технология ва ташкили сохтмон», «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ», «Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим», «Системаҳои таъмини об, газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ», «Геодезияи муҳандисӣ, маркшейдерӣ ва харитасозӣ», «Иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ», «Иқтисодиёт ва «Идоракунӣ дар сохтмон» буда, аз рӯи ихтисосҳои «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ», «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот», «Ташхис ва идоракунии амволи ғайриманқул», «Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо», «Истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ», «Меъморӣ», «Дизайни муҳити меъморӣ», «Системаи таъмини об ва обпартовҳо», «Системаи таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ», «Геодезия ва харитасозӣ», «Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ», «Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (сохтмон)», «Идораи мақомоти маҳаллӣ» мебошанд.

Ҳоло дар факултет беш аз 2500 нафар донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона, фосилавӣ ва магистратура таҳсил менамоянд. Донишҷӯён-шаҳрвандони хориҷӣ низ аз Русия, Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин факултети сохтмон ва меъморӣ бо корхонаҳою донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет дар ҳалли проблемаҳои истеҳсолӣ бо пажӯҳишгоҳҳои вазорату идораҳои марбута – САНИИОСП, Сохтмон ва меъморӣ, «Душанбешаҳрсоз», «Душанбешаҳрофар», «Тоҷиксаноатсоз», «Тоҷиккорезлоиҳа», КВД «Лоиҳакаш» фаъолона иштирок менамоянд. Дар факултети «Сохтмон ва меъморӣ» 119 нафар устодону кормандон фаъолият дошта, аз ин 43 нафарашон дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ буда, 11 нафарашон докторони илм ва 32 нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Маҳмуд Комилов, Ҷаҳонгир Низомов, Лутфулло Шарипов, Солия Мамаҷонова, Абдураҳмон Норматов, Усмон Раҷабов, Ғуломҷон Раҳматҷонов, Абдуҷалил Мирҷалолов, Маҳбуба Шаропова, Тоҳир Ҷалилов, Ҷӯрақул Муниев, Саидҷон Камолов, Сангаҳмад Тиллоев, Музаффар Шерматов, Раҳмонҷон Абдуллоев, Нозимшо Ҳасанов, Имомёрбек Қаландарбеков, Акрам Акбаров, Рустам Муқимов, Анвар Фазилов, Икромҷон Негматов аз устодони собиқадори факултет ба шумор мераванд.

Дар соли тақвимӣ аз тарафи омӯзгорони факултет 7 китоби дарсӣ ва зиёда аз 20 дастуру васоити таълимӣ нашр гардиданд. Инчунин омӯзгорон ва кормандони факултет имсол дар самти илм ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Чопи 5 монография, 4 патент ва дигар ҳуҷҷатҳои моликияти зеҳнӣ ва 1 патенти авруосиёӣ, зиёда аз 45 мақола дар нашрияҳои тақризии Комиссияи олии атестатсионӣ, 210 мақола дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бозгӯи гуфтаҳо буда, инчунин 20 нафар омӯзгорон ва кормандони факултет аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд.

Омӯзгорони факултет М.Марамов, Ю.Баротов, Ш.Шарипов ва Б. Ахмедов рисолаи номзадии худро муваффақона ҳимоя намудаанд.

Мояи ифтихор аст, ки донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию донишгоҳӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гаштанд. Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои донишгоҳӣ аз фаннҳои математика, физика, химия ва назарияи иқтисодӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шаҳодати гуфтаҳост.

Ҳамзамон декани факултаи сохтмон ва меъморӣ Алиҷон Яқубов афзуд, ки озмоишгоҳҳои факултет дар сатҳи хуби корӣ қарор дошта, барои гузаронидани дарсҳои озмоишӣ ба талаботи имрӯза пурра ҷавобгӯянд. Соли равон озмоишгоҳҳои факултет аз аккредитатсияи Агентии «Тоҷикстандарт» гузаштанд. Кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои факултет бо истеҳсолот робитаи зич дошта, дар баробари таълим дар корҳои илмӣ- истеҳсолӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. Дар арафаи ба истифода додани бинои нави факултет дар соли 2013, воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти Нави пойтахт кафедраҳои факултет бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, инчунин синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ муҷҷаҳаз гардонида шуданд.

Факултети сохтмон ва меъморӣ яке аз куҳантарин факултетҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, ҳамқадаму ҳамсоли донишгоҳ аст, ки соли гузашта 65-сола шуд. Факултетро дар давраҳои гуногун деканҳо Мирзо Ҳотамов, Иван Грудин, Ҳамид Ҳакимов, Муин Икромов, Шодӣ Шоимов, Ҷангибек Давлатмиров, Абдусаттор Сулаймонов, Пӯлод Муҳиддинов ва дигарон сарварӣ намудаанд. Дар рушди факултети сохтмон ва меъморӣ устодони варзида С.Вавилова, Ҳ.Ҳакимов, Г.Ҷӯраев, О. Абдуллоев, И. Тоҳиров, Р. Раҳмонов, И.Грудин, Л. Кажаринова, Н.Давлатов, Д.Веселовский, Л. Веселовская ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд. Имрӯзҳо дар факултет омӯзгорон – собиқадорони меҳнат, ба монанди профессорон Нигматов И.И., Низомов Ҷ.Н., Муқимов Р.С., Акбаров А.А., Мамаҷонова С.М., Қаландарбеков И.Қ., докторони илм, дотсентон Ҳасанов Н.Н., Тиллоев С.С., дотсентон Асоев Қ.А., Шарипов Л.Ш., Норматов А.Ю., Раҷабов У.Н., Рӯзиев А.Р., Фозилов А.Р., Шаропова М.А., Сулаймонова М.А., Муниев Ҷ., Ҷалилов Т., Камолов С., Шерматов М., устодони варзида Комилов М., Исмаилов М., Наимов Қ., Раҳматҷонов Ғ., Мирҷамолов А. ва дигарон фаъолияти босамар намуда, дар тарбияи омӯзгорону мутахассисони ҷавон саҳм мегузоранд.

Факултети сохтмон ва меъморӣ дар омода намудани мутахассисони ҳирфаии соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар нақши калидӣ дорад. Факултети сохтмон ва меъморӣ бо корхонаҳою донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Бо назардошти мушкилоти марбут ба обу гидротехника, азхудкунии мақсадноки фазои зеризаминӣ, мутобиқкунонии раванди таълим ба талаботи байналмилалӣ навсозии кафедраҳои амалкунанда ва таъсиси кафедраҳои нав дар факултет дар назар аст.

Аз ҷумла, вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат дар факултет таъсиси ихтисосҳои нав, аз қабили «Сохтмони иншооти гидротехникӣ», «Маркшейдерӣ», «Заминсозӣ» ва «Сохтмони иншооти азим» дар назар аст. Дар факултет Маркази илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ фаъолият мекунад, ки метавонад ояндаи наздик пешоҳанги санҷишу озмоиши мавод, масолеҳ, ҷинсҳои кӯҳӣ ва конструксияҳои сохтмонӣ бошад. Дар назди марказ семинари доимамалкунандаи илмӣ-амалӣ фаъолият мекунад, ки дар он корҳо ва рисолаҳои илмии магистрантон, унвонҷӯён, аспирантон, докторони PhD ва олимону муҳаққиқони ҷавон баррасӣ мегарданд.

МАРЗИЯ САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Август 13, 2022 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАФТАИ ИЛМ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ оғоз гардид
Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Узбекистон густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
ИЛМ-АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивал- намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Доир ба нақш ва ҷойгоҳи муҳаққиқони ватанӣ дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт