ДУ ПОЙ ДАР ЛОЙ. Камол Насрулло таассуб ва хурофотро аз бемориҳои дерину куҳансоле номид, ки бархе аз мардуми мо ба он гирифтор аст

Август 8, 2022 15:07

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ«Ховар»/. Яке аз масъалаҳое, ки аз мо дахолату фаъолияти бештарро тақозо дорад,  гирифтории мардуми мо ба таассуб ва хурофот аст. Ин аз бемориҳои дерину куҳансолест, ки бархе аз мардуми мо ба он гирифтор аст ва боиси таассуф аст, ки дар қайди сарбастаи он ҳарду дармондааст. Чунин навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи  Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол  НАСРУЛЛО дар мақолаи худ таҳти унвони «…Тарки  ному либоси миллӣ на исломиро ғанитар мекунаду на моро мусулмонтар», ки дар маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» нашр шудааст.

Тавре муаллиф шарҳ додаст, маънои «хурофот» дар луғат «сафсата», «гапи бемаънӣ» ва «фикру мафҳуми беасос» аст. «Таассуб гирифтории кӯркӯрона ба хурофот аст. Пас, қисме аз халқи мо, ки гирифтори хурофот аст, гирифтори сафсата низ ҳаст? Дар асоси ақида ва фикру мафҳумҳои беасос зиндагӣ мекунад? Яъне ҳастии бемаънӣ ба сар мебарад? Агар ин хел аст, онҳое, ки гирифтори хурофотанд, гирифтори беморианд бо номи ҳарзаву сафсатаву андешаҳои беасосу бемаънӣ?!», — суол кардааст шоир.

Камол Насрулло

Ба зикри Камол Насрулло, ин гирифторӣ ба шаъни миллати мо, миллате, ки даъвои фарҳангӣ будан, соҳибтамаддуниро дорад, иснод меорад.

«Дар асри 21, дар замоне, ки зиёну зарар ва бебунёдии хурофот дар ҳама олам маълум аст ва халқҳои гирифтори хурофот ба халқҳои қафомонда мансубанд, айб нест, ки мо ҳанӯз бо ду поямон ба лойи хурофот ғӯтидаем?! Инро чӣ гуна метавон маънидод кард? Ҳатто он миллатҳову халқҳое, ки дар таърих хеле баъдтар аз мо соҳиби тамаддун шуданд, имрӯз ба хурофот ва мардуми хурофотӣ бо истеҳзо менигаранд», — навиштааст ӯ.

Камол Насрулло хонандаро ба чунин андеша даъват мекунад:  чаро [иддае аз] мо, тоҷикон […] гирифтори хурофотем? Инсони донишманд, соҳиби ақлу идроки баланд ва соҳибмаърифат ҳеҷ вақт гирифтори хурофот намешавад. Ақли солим намегузорад, ки побанди хурофот бошад. Чашми бино роҳ намедиҳад, ки роҳи тозаро канор монда, ба ин лойоба дарояд ва худро бероҳа созад. Яъне мо қафо мондаем? Бо ҳама даъвоямон аз соҳибтамаддунӣ дур аз тамаддунем?!.

Мавриди зикр аст, ки Камол Насрулло дар ин мавзӯъ бори аввал нест, ки  изҳори ақида  мекунад. Қаблан ӯ дар мақолаи «Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро» ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, баъзе андешаҳошро баён дошта буд.  Навишта буд, ки  масъалаи мубориза бо таассуб ва хурофот барои адабиёти куҳансоли мо нав нест. Бузургони илму адаби оламшумули мо, аз ҷумла  Носири Хусрав, Умари Хайём, Абуалӣ Сино, Мавлоно (Ҷалолиддини Балхии Румӣ), Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон дар ашъору навиштаҳои худ бо таассубу хурофот муборизаи беамон  бурдаанд.

Тавре дар мақолаи наваш шоир ва публисист Камол Насрулло нигоштааст, мо бояд динро бо хурофот омехта накунем, зеро онҳое, ки хурофотро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон қарор додаанд, бештар аз номи дин ва Қуръон баромад мекунанд ва симои аслии худро дар паси дини мубин пинҳон медоранд.

«Ҳол он ки хурофот душмани дин аст ва обрӯи онро мерезонад», — менависад муаллиф.

Ба андешаи Камол Насрулло,  яке аз ҳадафҳои ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба тоҷикӣ гардонидану бо теъдоди зиёд нашр намуда, дар байни мардум ба таври маҷҷонӣ паҳн намудани китоби муқаддаси Қуръон  ин буд, ки  мардум худашон хондаву чӣ будани дини мубини Исломро дарк кунанд ва ба таассубу хурофот гирифтор нашаванд.

Камол Нсрулло чунин мешуморад, ки бояд мутахассисон, ҷомеашиносон, дигар донишмандони мо пайваста таҳқиқоту пажӯҳишҳое интишор кунанд, ки дар онҳо  ин ҳақиқат нишон дода шавад, мардум оқибат дарк кунанд,  дин чисту хурофоту тассуб чист.

Муаллиф дар мақолаи худ аз чунин як воқеа, ки мисоли рашани гирифторӣ ба тассубу хурофот аст,  ёдовар шудааст: дар яке аз деҳоти Тоҷикистон як зани рус, ки шавҳараш ӯро баъд аз ҷанг бо худ овардаву солиёни зиёд-қариб як умр дар ин деҳа бо ҳам зиставу соҳиби фарзандҳо гардиданд, вафот кард. Ин зани рус ба куллӣ тоҷик шуда буд. Ӯ ба тоҷикӣ сухан мегуфт, либосҳои тоҷикӣ мепӯшид, ҳама одобу суннати тоҷикӣ ва шариати исломиро риоя мекард ва дар ҳамин рӯҳия фарзандонашро низ парваридаву ба воя расонида буд. Шавҳараш пеш аз ӯ тарки дунё кард. Рӯзе ки ин зан фавтид, муллои деҳа ба иллати он, ки ӯ мусулмон нест, иҷозат надод, ӯро дар қабристони деҳа бигӯронанд. Ва дар он деҳа касе ёфт нашуд, ки пеши роҳи ин ҳукми беадолатонаи муллоро бигирад. Маҷбур шуданд, ки он занро дар қабристони деҳаи ҳамсоя гӯронанд.

«Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки яке аз пешвоёни дину тариқати ислом буд, вақте аз дунё даргузашт, аз паси ҷанозаи ӯ яҳудиву насрониву буддоиву мусулмон бо ҳам мерафтанд ва тафриқаи динӣ садди роҳи эътиқоду инсонигарии онҳо нагардида буд. Ва аслан Худо яктост ва ба тамоми башарият тааллуқ дорад. Дар дунё шояд кам оромгоҳи бузурге ёфт шавад, ки дар он намояндагони адёни мухталиф манзили охират наёфта бошанд», — навиштааст Камол Насрулло.

Тавре ӯ навиштааст,  сабаби гирифтории мардуми мо ба таассубу хурофот фақат ноогаҳӣ нест, балки ин ҷо сабаби дигару бештар таъсиргузоре ҳаст,  тарс ном дорад. Ба андешаи ӯ, миллати мо дар тӯли таърихи гарону вазнину хунин борҳо зери ҷабру зулм, шиканҷаву зӯровариҳоро дидааст  [… ва]   ин ҳама даҳшатҳо  […] то ҷое  тарсу ҳаросро ба сиришти ӯ, дар тафаккури ӯ ҷо намудааст.  «Имрӯз як сабаби гирифторӣ ба хурофот ҳамин тарси ботин дар пешорӯи мушкилот, ана ҳамин бовар надоштан ба худ, ба неруи созандаи худ ва ба фардои худ аст. Тарси рӯ ба рӯ шудан ба мушкилот, даст ба гиребон шудан бо он, аз сари роҳ бардоштани ин монеаҳо боис мешавад, ки роҳи осони ҳалли мушкилро дар хурофот ҷӯё шаванд. Мо бояд ин тарсро аз ниҳоду сиришти халқамон бизудоем», навиштааст шоир.

Хурофот суннати миллӣ нест. Ба зикри муаллиф, як манбаи дигаре, ки мардуми хурофотпеша ва онҳое, ки хурофотро доми тазвир кардаанд, аз он истифода мебаранд ва дар паси пардаи он пинҳон шудан мехоҳанд, суннату анъанаву маросими волои моянд. Дар ҳоле, ки суннатҳои баланди миллии мо ҳеҷ муносибате ба хурофот надоранд. Суннату маросими халқии мо ҳадафҳои баланди миллӣ, аҳамияти баланди тарбиявӣ, ҳунаромӯзӣ, зебоипарастӣ, бунёдкорӣ, хайрхоҳиву некманишӣ доранд. Аммо онҳое, ки таассуб ва хурофот манбаи даромадашон шудааст, бисёре аз ин падидаҳоро нишонаҳои суннату одоби миллӣ нишон доданӣ мешаванд.

«Либоси миллӣ симои миллии мост» тазаккур додаст Камол Насрулло . Ва, ба назари ӯ, яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҳамчунон ба таомулу суннату адаби миллии мо зиён  дораду моро ба ташвиш овардааст, дахолат ба фарҳанги либоспӯшии мо мебошад.

«Мо ҳаргиз муқобили либоси миллии дигар кишварҳо нестем. Аммо либоси миллии мо, фарҳанги мо  симои миллии мост. Ва агар либоси миллии мо аз байн равад, симои миллии мо аз байн хоҳад рафт. Ва ҳадафи ин кӯшишҳо ҳам ҳамин аст: аз байн бурдани махсусиятҳои миллии халқи мо. Аммо  куҷост шарафи миллӣ ва ифтихори миллӣ?», — боз ҳам суол мекунад ӯ.  Дар ҳоле, ки либоси миллии тоҷикӣ, ба андешаи муаллиф,  шояд аз зеботарин либосҳои дунёст, ки завқи оламиёнро тасхир кардааст ва шояд дар дунё кам кишвареро тавон ёфт, ки бо ин қадар рангорангӣ, гуногунии интихобу фаровонии намунаҳо либос дошта бошад.

«Бубинед, мардуми кишварҳои зиёде дини насрониро қабул кардаанд. Аммо ин боиси он нашудааст, ки онҳо ба хотири эътиқоди динии худ як хел либос пӯшанд. Ҳар халқ либоси хоси худро дорад ва онро бо ифтихор сарвати миллии хеш меҳисобад. Дунё ҳам бо ҳамин гуногунрангӣ зебост. Бисёре аз мардумони оламро аз рӯи либос ва ҳатто кулоҳашон мешиносанд ва ҳар яки онҳо либоси миллии худро бо эҳтироми баланд маҳфуз медоранд,зеро ин симои онҳо, маънои онҳо, фарҳанги таърихии онҳост. Аз даст додани либоси миллии худ, аз даст додани фарҳанги миллии худ аст», — менависад шоир ва публисисти маъруф.

Камол Насрулло дар мавриди номгузорӣ низ ақидаи худро баён кардааст.   Ба фикри ӯ, ҳар миллат тарзи хоси номгузории худро дорад. «Имрӯз бо иваз кардани номҳои тоҷикӣ ба арабӣ мусулмонии мо на афзун мешавад, на кам. Ва аслан ягон миллати дигаре ба хотири мусулмон будан аз баҳри номҳои миллии худ баромадаву номҳои арабӣ қабул накардааст», — менависад ӯ.

Камол Насрулло мақолаи худро бо баёни чанд андеша перомуни мафҳуми «ҳувияти миллӣ» ба поён расонидааст.  У аз китоби нодир —  «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мисол овардааст, ки дар он калимаи «ҳувият» чунин маънидод шудааст: асолат-асилӣ, наҷобат ва асилзодагӣ;   моҳияти шахсе ва ё чизе, яъне шинохти моҳияти худ, шинохти худ.

«Яъне, шинохти ҳувияти миллӣ — шинохти моҳияти миллист. Ва онҳое, ки мехоҳанд моро аз асолати худ, аз ҳувияти худ, аз маънавиёти худ дур кунанд, ҳеҷ кори хайре на барои Ислом мекунанду на барои инсоният. Зеро фарҳанги тоҷикӣ, адаби тоҷикӣ яке аз дастовардҳои наҷибу эътирофгардидаи инсоният аст»,-  хулоса кардааст Камол Насрулло.

Мундариҷаи мақоларо бозгӯӣ кард:
Хушнуд РАҲМАТУЛЛОЕВ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 8, 2022 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мулоқот баргузор гардид
Дар ярмаркаи интихоби касб дар Душанбе ба корҷӯён 2677 ҷойи кор ва вазифаи озод пешниҳод шуд
Пагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардад
ҲИФЗИ САРЗАМИН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ! ҲХДТ нақшаи чорабиниҳоро оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон тасдиқ намуд
ЭҲЁ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони сатҳи баланд Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
Соҳибкорони Истаравшан ба сокинони зарардидаи наздисарҳадӣ кумак намуданд
Дар Хуҷанд доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мулоқот баргузор гардид
Ориф Амирзода: «Маҳз бар асари гармшавии иқлим беш аз 1000 пиряхи Тоҷикистон комилан об шудаанд»
Дар Хоруғ пешгирии зӯровариро дар оила муҳокима карданд
БО ҲАМЛАИ НИЗОМИЁНИ ҚИРҒИЗ МО ҲАРГИЗ ТАРКИ ЗАМИНИ АҶДОДӢ НАМЕКУНЕМ. Чунин изҳор менамояд бо ифтихори ватандорӣ сокини 60-солаи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Абдукарим Шарифзода
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз ду миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид