ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони хеш аз Ҷопон рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов аввалин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба поси хотири собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов доир мекунад. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд. Ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони мо марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Н» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола аз чунин даврҳо иборат аст:
Даври 1
23 август (сешанбе)
16:00 –ТОҶИКИСТОН (U-16) — Ҷопон (U-16). Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»
Даври 2
25 август (панҷшанбе)
16:00 – Эрон (U-16) –ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Кибрай»
17:00 – Ҷопон (U-16) –Узбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор».
Даври 3
27 август (шанбе)
15:30 – Ҷопон (U-16) –Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»
17:00 –Узбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






