«ГУЛЗОРИ МАЪРИФАТ». Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявӣ гардид

Август 19, 2022 15:07

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» баргузор гардид, ки Шоҳҷоизаи озмунро Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор шуд. Инчунин боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ, «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон сазовори ҷои якум гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, боғҳои фарҳангию фароғатии ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдат сазовори ҷои дуюм, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт, Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара ва шаҳри Турсунзода сазовори ҷои сеюм дониста шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ мукофотонида шуданд.

Зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии озмун муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода, роҳбарони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва кормандони вазорат иштирок намуданд.

Давлат Сафарзода боғҳои фарҳангӣ-фароғатии мамлакатро оинаи шаҳр, муаррифи тамаддуни миллӣ, илҳомбахши шоирону ҳунармандон арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки «бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба маротиб афзоиш меёбанд. Ба ҳар минтақае, ки Президенти мамлакат сафар мекунанд, дар ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ ширкат меварзанд. Имрӯзҳо дар миқиёси ҷумҳурӣ 93 боғи фарҳангӣ амал мекунанд, ки муаррифи фарҳангу тамаддуни миллии моянд. Моро зарур аст, ки ин гулгаштҳои зебо — макони илҳомбахши шоирону ҳунармандон ва рамзи фарҳангу маданияти хешро ҳифз намоем».


Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 19 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 тасдиқ шудааст, моҳҳои май-август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар озмун 93 боғи фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, 20 боғи фарҳангию фароғатӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор, «Тус»-и ноҳияи Шаҳритус, «Хуталон»-и шаҳри Кӯлоб, Низомиддин Мир Алишери Навоии шаҳри Душанбе, «Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе, Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб, Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон, «Боғи тиллоӣ»-и шаҳри Панҷакент, Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Август 19, 2022 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид