Нақши Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 3 август Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзаев мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳабибулло Воҳидзода меҳмононро бо сиёсати зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мусодираи маводи нашъаовар шинос намуд.
Инчунин доир ба фаъолияти Агентӣ дар мусодираи маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, сохтор, мақсаду вазифаҳои он муаррифномаи алоҳида нишон дода шуд.
Руслан Мирзаев нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки саҳми Агентӣ дар раванди ин мубориза пурсамар ва ҳадафрас мебошад.
Инчунин ӯ ташаббуси Тоҷикистонро дар хусуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои ҳамкории мутақобиларо дар доираи ваколатҳои идоравӣ баррасӣ намуда, омодагии худро барои амалӣ кардани онҳо изҳор доштанд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






