Нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор шуд

Август 4, 2022 14:34

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 август нишасти чоруми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва узвияти роҳбарияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳузури маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Нақшаи амали Гурӯҳи корӣ дар соли равон, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин муаррифии натиҷаи гузориши таҳлилии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (IFC) оид ба вазъи ҳамлу нақли ҳавоии кишвар баррасӣ гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 4, 2022 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд