Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти ҷоизаҳои Расул Боқиев муайян шуданд

Август 23, 2022 15:57

ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 21 август дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олӣ оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ҳафт вазн миёни мардҳо сабқат намуданд. Дар натиҷа бештари медалҳоро варзишгарони шаҳри Душанбе сазовор шуданд. Варзишгарони пойтахт дар шаш вазн ғолиб шуданд. Як медали дигари тиллоро бародарзодаи Расул Боқиев- Алӣ Боқиев дар ҳайати дастаи Хатлон-1 ба даст овард.

Ғолибони дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои Расул Боқиев:

-60кг
1. Эҳсон САФАРЗОДА (Душанбе)
2. Сомон АЛАМОВ (Хатлон-2)
3. Идибеки АМИРШО (Душанбе)
3. Абдураҳим НАЗАРОВ (Душанбе)

-66кг
1. Хурсандқул КУГАНОВ (Душанбе)
2. Азим АСАДОВ (ШНТМ)
3. Абдуллои ОРИФ (Хатлон-2)
3. Муқтадири БОБОҶОН (Душанбе)

-73кг
1. Алӣ БОҚИЕВ (Хатлон-1)
2. Муҳаммадисо РАҶАБОВ (Душанбе)
3. Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА (Душанбе)
3. Шоҳрухи САЙМУҲАММАД (Душанбе)

-81кг
1. Мизробшо ЛОИҚОВ (Душанбе)
2. Туйчибек ШАРИФОВ (Душанбе)
3. Сайфиддин БОЙМИРЗОЕВ (Хатлон-1)
3. Маҳмадамин ЭРНАЗАРОВ (ШНТМ)

-90кг
1. Ҷаҳонгир БОБОЕВ (Душанбе)
2. Аюбҷон МИРЗОЕВ (Душанбе)
3. Мақсуд РАҲМОНОВ (Душанбе)

-100кг
1. Исроил РАҲИМОВ (Душанбе)
2. Меҳроб ТАҒОЙМУРОДОВ (Душанбе)
3. Парвиз АБДУРАҲМОНОВ (Душанбе)
3. Юнус ҶОМАҲМАДОВ (ШНТМ)

+100кг
1. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
2. Бобоҷон БОБОЕВ (Хатлон-2)
3. Бахтовар БОБОХОНОВ (Душанбе)
3. Толибҷон ТОИРОВ (ШНТМ)

Мавриди зикр аст, ки Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва дзюдоро аз падараш – Мураббии хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон Худойназар Боқиев омӯхтааст.

Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ шуда буд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразилия), медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гуанжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст.

Расул Боқиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 23, 2022 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид