Олимҷон Муҳаммадҷонзода: Дар Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон барномаи «Ислоҳнигорӣ» пешниҳод мегардад

Август 1, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 01.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши сокинони мамлакат гардонида мешавад, иттилоъ дод Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Зикр шуд, ки тӯли шаш моҳ аст гурӯҳи корӣ Фарҳанги имлои забони тоҷикиро омода намуда истодааст ва барномаи мазкур дар заминаи он таҳия шудааст.

«Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад»,-гуфт ӯ.

Ба зикри Раиси Кумита, барнома дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта,  марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин зикр шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба ҳолати 1 январи соли 2023 мавқуф гузошта шуд.

«Аз ин рӯ Кумита то ҷорӣ гардидани фармони мазкур дар ҳамкорӣ бо МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матну ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии 98 ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудааст»,- иброз дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Дар шаш моҳи соли 2022 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот ягон ташкилоту муассиса ҷарима нагардида, танҳо ислоҳ ва мутобиқ карда шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд