ҶОМИ КФО-2022. Дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Суғдиён»-и Узбекистон бо ҳам рақобат карданд

Август 18, 2022 08:16

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Суғдиён»-и Узбекистон баргузор гардид, хабар доданд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар вохӯрӣ дастаи футболи «Суғдиён»-и Узбекистон тавонист, ки бо ҳисоби 4 бар 0 дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистонро шикаст диҳад. Ҳанӯз дар 20 дақиқаи қисми аввали вохӯрӣ футболбози 39-солаи «Суғдиён» Ҷасур Ҳасанов тавонист ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев 2 гол занад.

Шоҳруз Норхонов дар дақиқаи 30-юм ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов дар дақиқаи 79-ум ба дарвозаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон 2 голи дигар ворид карданд.

Футболбозони дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон 17 август бисёр бозии заиф нишон дода, пас аз бохт аз идомаи бозиҳои Ҷоми КФО-2022 маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби бозии ниҳоии минтақаи марказӣ аз ҷониби КФО 100 ҳазор доллар туҳфа мегирад.

Акс: ФФТ

Август 18, 2022 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд