ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Мактабҳои автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода 275 нафарро ба сафи артиш раҳсипор менамоянд

Август 29, 2022 09:03

ТУРСУНЗОДА, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои омода намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯзҳо дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар ҷавонони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-акумуляторчӣ» хонда истодаанд. Аз ин шумора 30 нафар аз шаҳри Турсунзода, 30 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 20 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил мегарданд. Дар ин бора муовини сардори ММТ шаҳри Турсунзода Аъзам Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.

Муовини Раиси шаҳри Турсунзода Мусулмон Эҳсонзода зикр намуд, ки «аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯзҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 90 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис — ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил намуда истодаанд, ки дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии даъвати ҳарбии шаҳри Турсунзода нақши асосӣ доранд. Дар назар аст, ки аз ҳисоби ҷавонони ихтиёрӣ сафи онҳо зиёд карда шавад».

Сардори мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Ваҳдат Ҷамшед Давлатов гуфт, ки «тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби Вазорати мудофиа 45 нафар даъватшавандагон аз шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияи Файзобод дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн хонда истодаанд. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 60 нафар даъватшавандагон дар ду гурӯҳ имрӯзҳо касби ронандагӣ омӯхта истодаанд, ки ҳамаи онҳо ба таври ихтиёрӣ ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд».

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 29, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд