«ОЗОДАПАЛАНГРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНЕМ». Таҳти чунин унвон дар Ишкошим фестивали экологӣ баргузор гардид

Август 23, 2022 16:24

ХОРУҒ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим фестивали «Озодапалангро муҳофизат мекунем» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Роҳбари иттиҳодияи мазкур, номзади илмҳои таърих Қурбоншоҳ Аламшоев гуфт, ки “бори аввал чунин фестивал панҷ сол пеш дар водии Аличури ноҳияи Мурғоб баргузор шуд, ки сокинони маҳаллӣ, сайёҳони ватанию хориҷӣ ва бахусус кӯдакону наврасон онро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Мақсади асосии фестивал- ҳифзи озодапаланг, яке аз зеботарин ва нодиртарини ҳайвони ваҳшӣ дар рӯи Замин мебошад. Он ҳамагӣ дар 12 мамлакати ҷаҳон сукунат дорад, ки Тоҷикистон низ шомили ин феҳрист мебошад. Ин ифтихори мост ва аз ин рӯ талош мекунем, ки ба василаи чунин ҳамоишу фестивалҳо таваҷҷуҳи сокинони маҳаллиро ба ҳифзи ин ҷонвари нодир ҷалб намоем. Макони аслии бабри барфӣ ё озодапаланг шарқи Бадахшон буда, ба ҳама гуна иқлими табиат, ҳатто дар баландии беш аз 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ба сардии тоқатфарсо ҳам тобовар мебошад. Мутобиқи омори расмӣ, ҳоло шумораи он аз 300 сар гузаштааст ва ҳанӯз ҳам дар ҳоли афзоиш аст”.


Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев баргузории фестивалро дар ҳифзи озодапаланг басо муассир хонда, афзуд, ки “ чанд соли охир шикори ин ҳайвони нодир ба қайд гирифта нашудааст. Бараъкс, ҳолатҳои зиёди аз тарафи сокинони маҳаллӣ наҷот додани бабри барфӣ ба мушоҳида мерасад. Баъзан онҳо ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин фаромада, ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла мекунанд. Моҳи октябри соли гузашта маҳз дар ҳамин деҳа нисфи шаб ба оғили як сокини деҳа даромада, 31 сар чорвои хурдро дарондаву 2 сар чорвои калонро захмӣ кард. Ду сол пеш чунин ҳодиса дар деҳаи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон рух дод, ки дар натиҷаи он зиёда аз 40 сар ҳайвони хонагӣ талаф ёфт. Аммо сарфи назар аз чунин хисорот сокинони деҳа озодапалангро дастгир намуда, дар қафас андохтанд ва ба кӯҳдоман бурда, раҳояш карданд”.

Дар маҷмӯъ, дар ду соли охир озодапаланг зиёда аз 140 сар чорвои сокинони ин минтақаро нобуд намудааст. Аммо дар ин ҳамла ягон сар бабри барфӣ осеб надидааст. Ин натиҷаи мусбати баргузории чунин маҳфилҳои маърифатӣ-экологӣ ба шумор меравад.

Ҳадафи дигари фестивал- эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, расму суннат ва фарҳанги бою ғании миллати тоҷик аст, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ такони хуб мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 23, 2022 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд