ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Дарвоз корхонаҳои саноатии истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва макарон ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар мамлакат дар остонаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз ду корхонаи нави саноатӣ ‐ корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва макарон ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иттилоъ доданд.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз бо ҷараёни бунёди ду корхонаи нави саноатӣ ‐ корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва макарон шинос гардид. Зикр гардид, ки минбаъд дар сохтмонҳо танҳо масолеҳи истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ истифода шавад.
Раиси вилоят бунёди корхонаҳои саноатиро дар ноҳия амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар‐саноатикунонии босуръати мамлакат унвон карда, бобати тезонидани кор дар ин иншоот ба масъулин ва роҳбарияти ноҳия супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин дар мавзеи Дуробаки ноҳияи Дарвоз ҶДММ «Меваҳои Бадахшон» фаъолият мекунад, ки ба истеҳсол ва банду басти маҳсулоти мевагӣ тавассути технологияи муосир равона шудааст.


Дар ноҳия коргоҳҳои коркард ва банду басти асал, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, истеҳсоли сарпӯшҳои муҳофизатии сохтмонӣ (каска) ва коргоҳи маҳлулҳои антисептикӣ фаъолият менамоянд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз фаъолияти коргоҳҳои мазкур изҳори қанотмандӣ карда, масъулинро вазифадор намуд, ки баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Акс: ВМКБ








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд






