Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро ифтитоҳ намуданд

Август 10, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Истаравшан ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 9 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 900 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона бо 5 ҷойи нишаст ва 500 адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои фаъолияти соҳавӣ ҷойгир карда шуда, 5 ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва толори маҷлис бо 30 ҷой дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир шудааст.

Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ, дар ошёнаи 3-юми бинои тозабунёд 4 хонаи 2 ҳуҷрадори муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст, ки ин амал боиси рӯҳбаландии кормандон гардид.

Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин, ошхона барои 25 нафар, анбори нигоҳдории маҳсулот ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бинои навсохт ҳамзамон дорои маркази гармидиҳии тариқи ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Истаравшан 10.08.2022

Август 10, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд
Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон