«ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНОН». Дар Хатлон мусобиқаи ҳарбӣ доир шуд

Август 12, 2022 08:27

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар машқгоҳи саҳроии Фахрободи гарнизони Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии ҷузъу томи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат таҳти унвони «Пойгаи қаҳрамонон» мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид.

Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа бо ташаббуси Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани солгарди 31-уми Истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии мамлакат ширкат доштанд.

Дар ҷамъомад аз ҷониби сарбозони яке аз қисмҳои ҳарбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ машқҳои ҳимоя аз задухӯрдҳои тан ба тан намоиш дода шуданд. Дар ҷамъбасти машқҳо ҳайати иштирокчиёни мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ дар назди минбар гузашти низомӣ доир намуданд.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки мақсад аз ташкилу баргузории мусобиқаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангӣ, дониш ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ, инкишофи ҳаматарафаи онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ ва муайян намудани беҳтарин тирандозҳо аз намудҳои гуногуни силоҳҳои оташфишон миёни ҳайати шахсии сохторҳои қудратии мамлакат мебошад.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии мусобиқаи навбатии ҳарбӣ-варзишии «Пойгаи қаҳрамонон-2022» аз рӯйи ҳисоби даставӣ ғолибон ва беҳтарин нишонгирону тирандозон муайян карда шуда, бо ҷоми мусобиқа ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Август 12, 2022 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид