Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳид: «Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба обро дар сатҳи байналмилалӣ пеш мебаранд»

Август 26, 2022 19:22

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Милали Муттаҳид саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалисозии принсипҳои Оинномаи СММ ва пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунад. Ин нуктаро имрӯз, 26 август дар Душанбе пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳид иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар доираи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан бахшҳои 6 ва 13 дастовардҳои бузургро ба даст овардааст.

«Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об кишвари пешсаф буда, чанде қабл дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, ки ташабускори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд», — тазаккур дод Абдулло Шоҳид.

Ба зикри Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ, Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сарчашмаи об мебошад.

«Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии худ масъалаҳои марбут ба обро дар сатҳи байналмилалӣ пеш мебаранд»,- таъкид намуд ӯ.

Абдулло Шоҳид зикр кард, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ баррасӣ шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 26, 2022 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон