САЁҲАТИ ЯКРӮЗА. Фаъолони ҲХДТ дар Хатлон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии минтақаи Кӯлоб дидан намуданд

Август 29, 2022 14:57

ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 август гурӯҳи кормандони пешсаф ва фаъоли кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки дар асоси рейтини ҳизбӣ интихоб мешаванд, ба мавзеъҳои зебои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафар намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.

Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса доранд, роҳандозӣ гардида, давоми ҳар семоҳа аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи кормандони ҳизбӣ амалӣ карда мешавад.

Ташаббуси мазкур аз соли 2021 оғоз гашта, то ин давра пешсафони ҳизбӣ (дар асоси рейтинг) аз мавзеъҳои биҳиштосои шаҳрҳои Душанбе, Норак, ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Дӯстӣ, Носири Хусрав баҳравар гардидаанд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ин иқдомро дар пешрафти кор хеле муҳим медонанд. Ҳадаф он аст, ки ба ин васила механизми фаъолият, муттаҳидӣ, дӯстию рафоқат афзун гардида, болидарӯҳии корманд ва билохира рушди соҳаи туризм тақвият меёбад.

Ин навбат ҳайати пешсафон ва фаъолони ҳизбӣ аз тамошои манзараҳои зебо ва ҷойҳои таърихии ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб баҳравар гардида, таассуроти нек бардоштанд.

Сайри таърихи Балҷувон

Дар маркази ноҳияи Балҷувон пешсафон ва фаъолони ҳизбӣ бо самимияти хосса истиқбол шуда, баъдан, меҳмонон аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар осорхонаи мазкур беш аз 1500 нигораи таърихӣ гирд оварда шудаанд.

Ин Осорхонаи замонавӣ дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардидааст.

Зиёрати мақбараи Ҳазрати Султон

Фаъолон ва пешсафони ҳизбӣ зимни сафар ба ноҳияи Ховалинг оромгоҳи Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, аз табиати беҳамтои ин гӯшаи зебои Ватан баҳравар шуданд.

Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар масофаи 18 км дар қисмати шимолии ноҳияи Ховалинг воқеъ гардидааст.

Ин мавзеи таърихӣ бо табиати зебо, чашмаҳои зулол, гулу гиёҳҳои шифобахш ва парандагони нодир машҳур мебошад.

Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 пурра навсозӣ шудааст.

Саёҳат дар мавзеи Чилдухтарон

Баъди саёҳат дар ноҳияи Ховалин ҳайати пешсафон ва фаъолони ҳизбӣ аз ҷониби Ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг ба мавзеи афсонавии Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод расиданд. Дарвоқеъ, тамошои ин мавзеъ дили ҳар бинандаро мафтун мекунад. Барои сайёҳон низ марҳила ба марҳила шароити муносиб фароҳам гардида истодааст.

Чилдухтарон кӯҳи дорои муҷассамаҳои одаммонандест, ки асрори хосса доранд. Ин пайкараҳои бузург барои ҳар тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарвариянд.

Оид ба кӯҳи Чилдухтарон миёни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёдест. Чилдухтарон миёни мардуми дохилу хориҷ аз покдомании занони тоҷик ривоят мекунанд.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Гурӯҳи пешсафон ва фаъолони ҳизбӣ баъди сайри Чилдухтарон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ рафта, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (маъруф бо номи Ҳазрати Амирҷон)-ро зиёрат карданд ва вобаста ба зиндагии ин шахсияти бузург маълумоти бештар гирифтанд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ба шумор меравад.

Саёҳати якрӯзаи ҳизбиёни вилоят, ки ба он 100 нафар пешсафону фаъолон тавассути рейтинги ҳизбӣ интихоб гардида буданд, дар сатҳи баланд доир гашт ва иштирокдорон таассуроти ҷолиб бардоштанд.

Ташаббуси мазкур оянда низ идома меёбад.

Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон

Август 29, 2022 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд