«Somon Air» минбаъд дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе дар як ҳафта ду парвоз анҷом медиҳад

Август 2, 2022 15:33

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  минбаъд  парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе бо зичии ду парвоз дар як ҳафта амалӣ  менамояд. Дар  ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷадвали парвозҳои мунтазами  ширкати ҳавопаймоии «Сомон  Эйр»  дар ин масир тасдиқ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба алоқаи ҳавоӣ 27 марти соли 2003 ба имзо расидааст, ки  дар асоси он ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар парвозҳои ҳавоиро  дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе анҷом медиҳанд.

Инчунин ширкати ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки   парвозҳои мустақими худро бо харидории ду адад ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-800 ба дигар самтҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик афзоиш диҳад.

Ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» аз 3 август иҷрои парвозҳоро дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд ва аз 4 август дар хатсайрҳои Душанбе – Қазон – Душанбе ва Душанбе – Москва (Жуковский) – Душанбе  роҳандозӣ менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2022 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд