«Somon Air» минбаъд дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе дар як ҳафта ду парвоз анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» минбаъд парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе бо зичии ду парвоз дар як ҳафта амалӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷадвали парвозҳои мунтазами ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин масир тасдиқ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба алоқаи ҳавоӣ 27 марти соли 2003 ба имзо расидааст, ки дар асоси он ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар парвозҳои ҳавоиро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе анҷом медиҳанд.
Инчунин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои мустақими худро бо харидории ду адад ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-800 ба дигар самтҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик афзоиш диҳад.
Ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 3 август иҷрои парвозҳоро дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд ва аз 4 август дар хатсайрҳои Душанбе – Қазон – Душанбе ва Душанбе – Москва (Жуковский) – Душанбе роҳандозӣ менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид






