ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, душанбе, 227-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 15, 2022 08:00

15 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор оид ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

***

11 сол пеш, 15 августи соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули мошингарди миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ифтитоҳ намуданд.

 

15 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҳиндустон – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Конго – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Коста-Рика – Рӯзи модар.

***

Дар Русия — Рӯзи бостоншиносон.

РӮЙДОДҲО:

15 августи соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия намоиши чоррӯзаи маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистон, ки  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, хотима ёфт.

***

15 августи соли 1795 дар Фаронса пули нав – франк ба муомилот бароварда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1945 дар ИМА меъёри муқаррарнамуда барои фурӯши бензин ва равғани мошин бекор карда шуд.

***

15 августи соли 1950 дар Иёлати  Ассами Ҳиндустон заминҷунбии 9- балла ба қайд гирифта шуд, ки  дар натиҷаи он 1000 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 2000 нафар бесарпаноҳ монданд.

***

 15 августи соли 1992 дар Озарбойҷон пули нав – манат ба муомилот бароварда шуд.

***

15 августи соли 2002 ширкати ҳавопаймоии америкоии «National Airlines» дар бораи қарори худ, ки 11 сентябри ҳамон сол ҳамаи мусофиронашро бо арзиши рамзии 1 доллари америкоӣ интиқол медиҳад, хабар дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1877 ихтироъкор Томас Эдисон аввалин маротиба пешниҳод кард, ки ҳангоми суҳбат бо телефон калимаи «Нello» («Алло») истифода бурда шавад.

***

Соли 1879 дар шаҳри Торонто аввалин Намоиши миллии Канада баргузор гардид.

Август 15, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш