Теъдоди осебдидагони таркиш дар маркази савдои Ереван ба 60 нафар расид

Август 15, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди осебдидагони таркиш ва сӯхторе, ки бар асари он дар бозори яклухтфурӯшии «Сурмалу»-и Ереван ба амал омад, ба 60 нафар расид. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Арманистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ВҲФ, 60 нафар осебдидагон ба бемористонҳо интиқол дода шуданд. Қаблан дар бораи 45 захмӣ хабар расида буд. Барои хомӯш кардани сӯхтор беш аз 200 нафар ҷалб шуданд.

Дар ин таркиш се нафар ҳалок ва зиёда аз 20 нафар бедарак шудаанд.

Таркиш дар маркази савдои «Сурмалу» қаблан 14 август рух дода буд. Эҳтимол ин ҳодиса дар анбори маводи пиротехникӣ рух дода, боиси сӯхтор гардидааст. Аз ин рӯ, бинои маркази тиҷоратӣ фурӯ рехта, мардум зери харобаҳо мондаанд.

Аз рӯи далели таркиш бо ду модда: «вайрон кардани қоидаҳои нигоҳдории моддаҳои зудоташгиранда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон мегарданд» ва «вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги одамон мегарданд” парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 15, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Подшоҳи Британия Карли III расман сарвари давлатҳои Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шуд
ФАВРӢ! Карл III имрӯз Подшоҳи Британияи Кабир эълон мешавад
Малика Елизаветаи II даргузашт
Дабири кулли СММ собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоеваро намояндаи махсус оид ба Афғонистон таъйин кард
Лиз Трасс дар мақоми Сарвазири Британияи Кабир ба кор оғоз намуд
Дар Чин бар асари заминларза беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд
Лиз Трасс Сарвазири нави Британияи Кабир гардид
СММ: Бинобар обхезӣ дар Покистон 33 миллион нафар зарар дидаанд
Сатҳи гирифторӣ ба COVID-19 дар як ҳафта дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон коҳиш ёфт
Қосим-Жомарт Токаев пешниҳод намуд, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон тирамоҳ баргузор шавад
Анҷумани XX Ҳизби коммунистии Чин 16 октябр ифтитоҳ меёбад
ВАО: теъдоди қурбониёни даргириҳои мусаллаҳона дар Бағдод ба 30 нафар расид