«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Имрӯз дар шаҳри Панҷакент шакли сайёри намоиш ифтитоҳ ёфт

Август 29, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 15 сентябр идома менамояд. Кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев хабар дод, дар ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, муовини Раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ, Сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Саразм ва Панҷакенти Қадим Норинисо Худоёрова, Директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таьрихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ Мақсудҷон Мирзобзода, Директори Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд Умарҷон Саидов, кормандони дастгоҳи марказии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки бисёр рамзист, ки шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз гардид. Зеро экспозитсияи намоиши мазкур низ аз бозёфтҳои яке аз ёдгориҳои машҳури ҳамин шаҳр бо номи «Саразм» оғоз гардида, ин ва дигар ёдгориҳои ин намоиш дар самти шиносоии қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад.

Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Осорхонаи миллӣ ба тамошо гузошта шудаанд, ки  инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» давоми як моҳ дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба ин восита мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз намоиши сайёр дидан намуда, бо осори таърихии ниёгон шинос гарданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Август 29, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад