Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо барои кормандони телевизион ва радио баррасӣ намуданд

Август 16, 2022 16:40

ДУАШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 август мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси ҶСП «Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон» Ровшан Мамедов баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ё курсҳои такмили ихтисос барои омода намудани барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ, телевизионӣ, радиоӣ ва намоиши филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шудаанд.

Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 ба фаъолият оғоз кард.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки узви онҳо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 16, 2022 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд