«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмун оғоз ёфт
ХОРУҒ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» бо ширкати 160 нафар довталабон аз рӯи номинаҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва бастакорӣ оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Гулдасташо Амирхонов гуфт, ки “дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар саросари мамлакат бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азиз ман» гузаронида мешавад».
Дар даври аввалу дуюм чандин нафар кӯдакону наврасон ва одамони касбу кори гуногун ширкат намуданд, ки аксарияташон бори аввал рӯи саҳна ҳунарнамоӣ намуда, барои тамошобинон ноошно буданд. Зеро яке аз ҳадафҳои асосии ин озмун — пайдо намудани истеъдодҳои нав миёни ҷомеа ва минбаъд ташаккулу такмил додани ҳунари онҳо мебошад.
Даврҳои қаблии озмун аз он шаҳодат доданд, ки дар деҳоти дурафтода сарояндагону навозандагони бомаҳорат хеле зиёданд, аммо бо сабабҳои мухталиф аз назарҳо пинҳо мондаанд. Ин озмун барояшон шароит фароҳам овард, ки аз ҳунару маҳорат ва истеъдоди худ ба тамошобинон дарак диҳанд. Агар дар даври вилоятӣ пирӯз шаванд, он гоҳ имкон доранд, ки дар саросари мамлакат маъруфу машҳур шаванд.
Раиси ҳайати ҳакамони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» зимни ифтитоҳи озмун гуфт, ки «Бадахшон яке аз минтақаҳои санъатпарвари кишвар аст, ки навозандагону сарояндагонаш на танҳо дар кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ фарҳанги асили тоҷиконро муаррифӣ менамоянд. Ҳайати ҳакамон кӯшиш мекунанд, ки аз миёни садҳо нафар довталабон беҳтаринҳоро баргузида, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат диҳанд».
Мутобиқи низомнома, довталабон бояд зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, симоҳои барҷастаи миллат ва ҷашнҳои муқаддасу миллиро тараннум намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






