ТОҶИКИСТОНРО ДИГАРГУНИҲОИ КУЛЛӢ ИНТИЗОРАНД. Дар ин бора Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд
ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистонро то соли 2026 дигаргуниҳои куллӣ интизоранд. Боз ҳазорҳо иншооту биноҳои навбунёд қомат афрохта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун мегардад ва барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин бора дирӯз, 25 август Президенти ҶТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими супоридани ҷоизаҳо бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии кишвар иброз доштанд.
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ беш аз 25 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд ва ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то дурдасттарин деҳоту маҳалҳои аҳолинишини он хеле обод ва дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар гардидааст.
«Ҳоло раванди ободониву созандагӣ ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон бомаром идома дорад, — тазаккур доданд Сарвари давлат. — То ин ҷашни бузург боз ҳазорҳо иншооту биноҳои навбунёд қомат афрохта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун мегардад ва барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад».
Сарвари давлат аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои ташаббускору пешсафи ҷомеа, бояд минбаъд низ саҳми ватандӯстонаи худро дар раванди ободонии Ватани азизамон ва боз ҳам пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд






