Тоҷикони муқими шаҳри Алмаато ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 август вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ Консули генералӣ оид ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026 маълумот дода, онҳоро ба рушди саноатикунонии кишвар, саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак ва масъалаи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато зимни суҳбат пешниҳодҳои мушаххаси худро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






