Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2023-2024 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2024 Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкур имрӯз, 1 август зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба имзо расонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, татбиқи тавофуқоти раҳбарони ду кишвар дар мулоқот дар рафти Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин дар моҳи феврали соли 2022, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.


Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ инчунин дар чаҳорчӯби сиғаи Осиёи Марказӣ+Чин табодули назар карданд.
Дар мулоқот мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 идома медиҳанд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи «Лю Бан» ва инчунин дар маросими супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 ширкат карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






