Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дабирхонаи Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доктор Нойиф Фалоҳ ал-Ҳаҷрафро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Шӯрои мазкурро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.
Дар доираи сафар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабирхонаи кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ба имзо расид.
Акс: ВКХ ҶТ








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






