Завқӣ Завқизода ва Андреас Шнайдер масъалаи ҷалби грантҳоро барои рушди минтақаҳо баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо вобаста ба масъалаи ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
З. Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Яке аз натиҷаҳои назарраси ҳамкорӣ бо бонки мазкур- ин ба имзо расонидани Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 17,4 млн евро мебошад. Хотирнишон бояд кард, ки дар маҷмӯъ барои лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» 70 млн евро аз ҷониби шарикони рушд ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ вобаста ба НБО «Тоҷикистон», ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2018 дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ ёфта буд, мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд барои навсозии НБО «Тоҷикистон» 7,4 млн евро ҷудо гардид.
Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






