3 СЕНТЯБР-РӮЗИ АВИАТСИЯИ ТОҶИК. Тоҷикистон ба самти Арабистони Саудӣ, Нидерланд ва Корея роҳи ҳавоӣ боз менамояд

Сентябрь 3, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо Арабистони Саудӣ, Нидерланд ва Кореяи Ҷанубӣ дар масири Душанбе -Ҷидда–Душанбе, Душанбе–Сеул-Душанбе ва Душанбе-Боку-Амстердам дар доираи фарох гардонидани ҷуғрофияи роҳи ҳавоӣ парвозҳо ба роҳ монад.

Имрӯз, 3 сентябр кормандони сохторҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода гуфт, ки «санаи таҷлили Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар мамлакат аз он сарчашма мегирад, ки 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон оғоз гузошт. Инчунин соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он ҳар сол ҷашн гирифта мешавад».

Имсол кормандони сохторҳои авиатсионии мамлакат иди касбиашонро дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо комёбиҳои арзанда таҷлил менамоянд.

Азиз Набизода афзуд, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки яке аз соҳаҳои стратегӣ ва афзалиятноки иқтисоди мамлакат аст, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуд. Бо дарназардошти муҳимияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2017 Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд. Ин ниҳоди давлатӣ фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Ҳоло Тоҷикистон ба 8 давлати ҷаҳон- Олмон /Мюнхен/, Туркия /Истанбул/, Амороти Муттаҳидаи Араб /Дубай/, Қазоқистон /Алмаато/, Узбекистон /Тошканд/, Эрон /Теҳрон-Машҳад/, Ҳиндустон /Деҳлӣ/ ва Русия парвозҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад. Азиз Набизода мегӯяд, ки Русия дар самти ҳамкории авиатсионӣ яке аз муҳимтарин шарикон буда, 70 фоизи парвозҳои ҳавоии Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд. Дар радифи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» инчунин 5 ширкати ҳавопаймоии Русия- «Северный ветер», «Сибирь», «Уральские авиалинии», «Ямал» ва «ЮТЭйр» аз 22 шаҳри Русия ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳанд.


Мақомоти авиатсионии кишвар тасмим гирифтаанд, ки парвозҳоро дар масири Душанбе –Нурсултон ва Самарқанду Бухоро барқарор ва дар моҳи сентябр ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе –Урумчӣ –Душанбе ба роҳ монад. Баъди таваққуфи беш аз дусола вобаста ба пандемия шурӯъ аз моҳи июли соли равон ширкати ҳавопаймоии Чин «China Southern Airlines» дар масири Душанбе –Урумчӣ-Душанбе парвозҳоро барқарор намуд.

Азиз Набизода зикр намуд, ки дар тӯли 98 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия тақвият ёфтанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ ба фурудгоҳи муосири дорои хатти нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву замонавӣ табдил гардида, имкони қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои хурду бузургро дорад. Соли 2014 дар ФБД терминали нави муосир барои мусофирон, соли 2018 терминали боркашонӣ дар ФБД ва толори қабули меҳмонони расмии ФБД мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон соли 2019 дар ФБД Манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ, ки баландиаш 42 метр аст, ба истифода дода шуд. Ин иншооти бузурги аэронавигатсионӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти калон дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ буда, мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ бо кумаки Фаронса сохта шудааст. Ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.


Алҳол дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ- «Душанбе», «Хуҷанд», «Кӯлоб» ва «Бохтар», ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият доранд. Инчнуин дар ин давра Тоҷикистон бо 30 давлати ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ ба имзо расонидааст.

Азиз Набизода афзуд, ки барои таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷониби ширкатҳо баҳри хидматрасонии босифат ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнаҳаҷми муосир аз вазифаҳое мебошанд, ки дар меҳвари фаъолияти роҳбарият ва мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва дигар сохторҳои авиатсионии мамлакат қарор доранд. Дар иртибот ба ин чанде қабл ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуд, инчунин моҳи сентябр чунин як ҳавопаймо шомили парки ҳавопаймоии ширкат хоҳад шуд. Ҳарду ҳавопаймоҳо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ -Aviation Capital Group /ACG/ гирифта шудаанд. Ин ҳавопаймоҳо ба талаботи байналмилалӣ ва бехатарӣ ҷавобгӯ буда, дар оянда теъдоди ҳавопаймоҳои ширкат ба 10 адад расонида мешавад.

Бо дахли омода намудани мутахассисони бахши соҳаи авиатсияи гражданӣ — танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ, муҳандис-техникҳо, ҳавонавардон, алоқачиён ва дигар мутахассисон Азиз Набизода зикр намуд, ки роҳбарияти Агентии авиатсияи гражаниии мамлакат дар ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро рушду пешрафти ҳар соҳа аз мутахассисони касбӣ вобастагӣ дорад. Дар доираи ҳамкорӣ ҳамасола даҳҳо мутахассисон мактабҳои авиатсионии Русия, Қазоқистон, хусусан Донишгоҳи техникии авиатсионии шаҳри Москва, Академияи авиатсияи граждании Қазоқистон, Академияи авиатсияи граждании шаҳри Санкт –Петербурги Русияро хатм менамоянд ва дар пешбурди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат саҳми бориз мегузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
хабарнигори АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид