Ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ба роҳ монда, сиёсати давлатиро дар идора, танзими омӯзиши геологии қаъри замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои ашёи минералӣ амалӣ намуда истодааст. Ин матлабро имрӯз сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви ИДМ баён дошт.
Зикр шуд, ки мақсад аз барнома- татбиқи сиёсати давлатӣ барои муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ ва гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот (кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO) ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ мебошад.
Дар кори ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, намояндагони ваколатдор ва коршиносони Шўрои байниҳукуматӣ, сардорону масъулони соҳаи геологияи кишварҳои узви ИДМ ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки муҳимтарин фаъолияти Шӯро рушди ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш, иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии ИДМ дар самтҳои зерин мебошад:
-омӯзиши геологии минтақаҳои сарҳадӣ, тартиб додани харитаҳои муттаҳидшудаи мазмуни геологӣ ва арзёбии иқтидори минералогӣ;
-гузарондани тадқиқоти умқи геологӣ ва геофизикӣ, инчунин такмил додани усулҳо ва технологияи аз масофа парма кардани замин;
такмили методологияи коркарди навъҳои нави маъданҳои ғайримуқаррарӣ;
-ҳалли проблемаҳои вазъияти фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин масъалаҳои мелиоратсия ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ ва дигар маҳалҳо.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ оид ба ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисобот доданд.
Аз ҷумла, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти саридора ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак маълумот дод.
Яке аз лоиҳаҳо- ин тартиб додани харитаи геологӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.
Дар ҷаласа сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ Бобир Исломов барои раёсати муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил 20-21 октябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид ва раёсат дар соли 2022 ба таври расмӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон вогузор шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






